Норвеж ва ё Норвегия номи расмиаш Шоҳаншоҳии Норвегия, дар Аврупои Шимолӣ ҷойгир аст. Масоҳаташ 387001 км, аҳолиаш 4,500 ҳазор нафар. Норвегиҳо - 98 %, саамҳо - 0,7 %, даниягиҳо, шведҳо, финҳо. Забони давлатиаш норвегӣ. Дин: протестантҳо - 88 %, католикҳо - 5 %.
Норвегия шоҳаншоҳии конститутсионӣ буда, ба 19 вилоят таксим шудааст. Сардори давлат шоҳ буда, ҳокимияти иҷроия муааталиқ ба нахуст-вазир аст. Пойтахташ Осло, шаҳрҳои бузургаш: Берген, Тронхейм, Ставангер.
Ҷашни миллӣ - 17-Рӯзи Конститутсия (1814)
