Тибет (чинӣ: 西藏 Ситзан, неп. तिब्बत) — сарзаминест дар қисми ғарбии Осиёи Шарқӣ, ки қисми зиёди паҳнкӯҳи Тибетро фаро мегирад. Он зодгоҳи тибетиҳо мебошад. Дар ин паҳнкӯҳ мардумони дигар низ зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла муғулҳо, лобаҳо, монпаҳо, сянҳо, шерпаҳо ва аз асри XX инҷониб ханҳо ва ҳуэйҳо.
Баландии миёнаи он аз сатҳи баҳр тақрибан 4380 метр мебошад. Ин сарзамин дар дохили кӯҳҳои Ҳимолой ҷойгир буда, баландтарин қуллаи он Ҷомолунгма (Эверест) мебошад. Кӯҳи Ҷомолунгма баландтарин қуллаи рӯйи Замин (8848 метр) ба шумор меравад.
Имрӯз қисми зиёди сарзамини Тибети таърихиро Ҷумҳурии Мардумии Чин чун қисми Вилояти Мухтори Тибет ва ноҳияҳои мухтори вилоятҳои Гансу, Сичуан, Тсинҳай ва Юннан идора мекунад.
Адабиёт
- Снесарев А. Е. Тибет (историко-географический очерк). — М., 1906.
