factograf
TG

Ҳуқуқ

Ҳуқуқ

Ҳуқуқ — яке аз намудҳои мунтазамкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.

Дар муддати ҳазорсолаҳои таърихи дар илми ҳуқуқшиносӣ чандин маротиба таъкид карда мешуд, ки ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ аз қонунҳои универсалӣ|куллӣ бояд даст кашид.. Қонуни маслуки ҳуқуқ дар илми ҳозиразамон низ вуҷуд надорад.. Дар луғати Энсиклопедии Брокгауз ва Ефрон қайд карда шудааст:

«Ҳуқуқ ин маҷмӯи қоидаҳое (меёрҳое) мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятии одамонро дар ҷомеа муайян менамоянд; ин тарзи муайян намудани ҳуқуқ танҳо қисми умумии маънои онро дарбар гирифта, масъалаи муайян намудани қисми таркибии он, пайдошавӣ ва асосҳои он дар илм ҳал нашуда мемонад»

Дар Энсиклопдияи калони шӯравӣ ҳуқуқ ба тарзи классикӣ дар асоси ғояи (идеологияи) марксизм-ленинизм муайян карда шудааст:

«Ҳуқуқ — ин маҷмӯи ҳатмии қоидаҳои рафтор, ки аз тарафи давлат муайян ва ё иҷозат дода шуда аст, ки риоя кардани он тавассути таъсири давлатӣ таъмин мегардад»

Қоидаи аниқи он аз тарзи фаҳмиши ҳуқуқ аз тарафи ин ё он олим вобаста мебошад. Дар баробари ин қоидаҳои гуногуни мавҷуда имконияти пурратар муайян намудани ҳуқуқро медиҳанд. Бинобар ин барои рушди илми ҳуқуқ гуногунандешӣ ниҳоят муҳим аст, ки он на ҳама вақт имконпазир, зеро ки ҳуқуқ бевосита ба ҳокимияти давлатӣ вобаста мебошад.

Дар Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ/Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009 чунин шарҳ оварда шудааст:

«Ҳуқуқ — ба маънои иҷтимоӣ озодии (имконияти) рафтори инсон аз нигоҳи ахлоқ, одатҳо, талаботҳои иҷтимоии ҷомеа аст (ҳуқуқи маънавӣ ё ахлоқӣ, ҳуқуқи миллат ба худмуайянсозӣ ва ғайра) ва ба маънои ҳуқуқи (аслӣ) — озодии рафтори инсон бо назардошти нишондодҳои ҳуқуқӣ (конститутсия, қонунҳо ва ғайра) аст (ҳукуқ ба меҳнат, интихобот ва м.и.)»

Мафҳуми ҳуқуқ дар илми муосир вобаста ба ин ё он равияи (назарияи) ҳуқуқ пешбарӣ мегардад, чунончй, ҳуқуқ ҳамчун меъёри адолат ва озодии инсон (дар фалсафаи ҳуқуқ), ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи нишондодҳои ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ (дар позитивизми ҳуқуқӣ), ҳуқуқ чун инъикоси низоми (кулли) муносибатҳои ҷамъиятии танзимгашта (дар сотсиологияи ҳуқуқӣ).

Дар давлати ҳуқуқбунёд қонунҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд. Қонунҳо мумкин аст ғайриҳуқуқӣ шаванд, агар мазмуни онҳоро суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ ташкил диҳад. Инро амалия ва таърихи давлатдории муосир низ нишон медиҳад. Дар баъзе мавридҳо давлат аз қудрати худ суиистеъмол карда, қонунҳои зиддиҳуқуқӣ қабул менамояд.

Read next

In 191 languages

tgAfrikaansAlemannischአማርኛaragonésالعربيةܐܪܡܝܐالدارجةمصرىঅসমীয়াasturianuazərbaycancaتۆرکجهбашҡортсаBasa BaliBoarischžemaitėškaBikol Centralбеларуская (тарашкевіца)беларускаяBetawiбългарскиभोजपुरीbamanankanবাংলাབོད་ཡིགbrezhonegbosanskiBatak Mandailingбуряадcatalà閩東語 / Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄нохчийнCebuanoChamoruᏣᎳᎩکوردیcorsučeštinaчӑвашлаCymraegdanskDeutschZazakiΕλληνικάEnglishEsperantoespañoleestieuskaraestremeñuفارسیsuomiNa Vosa VakavitifrançaisarpetanNordfriiskfurlanFryskGaeilgekriyòl gwiyannenGàidhliggalegoAvañe'ẽGaelgHausa客家語 / Hak-kâ-ngîעבריתहिन्दीFiji HindihrvatskiKreyòl ayisyenmagyarհայերենԱրեւմտահայերէնinterlinguaBahasa IndonesiaInterlingueIlokanoIdoíslenskaitaliano日本語Patoisla .lojban.JawaქართულიQaraqalpaqshaқазақшаភាសាខ្មែរಕನ್ನಡYerwa Kanuri한국어къарачай-малкъарkurdîкомиkernowekкыргызчаLatinaLadinoLëtzebuergeschLingua Franca NovaLimburgsLigurelingálaລາວlietuviųlatviešuMadhurâमगहीमैथिलीBasa BanyumasanMāoriMinangkabauмакедонскиമലയാളംмонголमराठीBahasa MelayuMaltiMirandésမြန်မာဘာသာэрзяньNedersaksiesPlattdüütschनेपालीNederlandsnorsk nynorskisiNdebele seSewulaNouormandoccitanиронਪੰਜਾਬੀPapiamentupolskiPiemontèisپنجابیportuguêsRuna Simiromânăрусскийрусиньскыйсаха тылаsardusicilianuScotsسنڌيsrpskohrvatski / српскохрватскиසිංහලSimple EnglishslovenčinaslovenščinaGagana SamoachiShonaSoomaaligashqipсрпски / srpskiSundasvenskaKiswahiliSakizayaதமிழ்తెలుగుไทยTagalogTok PisinTürkçeSeediqXitsongaтатарча / tatarçaTwiукраїнськаاردوoʻzbekcha / ўзбекчаvènetoTiếng ViệtVolapükWinaray吴语isiXhosaმარგალურიייִדישYorùbáVahcuenghZeêuwsⵜⴰⵎⴰⵣⵉⵖⵜ ⵜⴰⵏⴰⵡⴰⵢⵜ文言閩南語 / Bân-lâm-gí粵語中文isiZulu

Text from Wikipedia, CC BY-SA 4.0 · Source article