factograf
TG

Риёз

Риёз

Key facts

шумораи аҳолӣ7 009 100
масоҳат1 798км²
як намуна азмаҳалли аҳолинишин
кишварАрабистони Саудӣ
таърихи таъсис1746
баландӣ аз сатҳи баҳр612м
All data from the card 8
Кишвар
[[|]]
Таъсис
1746
Масоҳат
1 798 км²
Баландии марказ
612 ± 1 м
Шумора
▲ 7 676 655 тан
Забони расмӣ
арабӣ
коди телефон
011
Нишонаи почта
11564–12665

Риёз, ар-Риёз (ар. الرياض‎ — боғ, гулзор) — шаҳр, пойтахти Арабистони Саудӣ ва маркази маъмурии музофоти Арриёзӣ вилояти Наҷд. Аҳолиаш 7 676 655 нафар (2017). То соли 1960 Риёз ҳамагӣ 160 ҳазор сокин дошт.

Иқлим

Яке аз шаҳрҳои гармтарини олам (ҳарор. миёнаи янв. +14,4, июл +36,6, баъзан то 50°С мерасад). Иқлимаш ниҳоят хушк, миқдори боришоти солона аз 100 мм беш нест. Риёз аз 15 ноҳияи маъмурии худидоракунии маҳаллӣ иборат буда, аз тарафи губернатори музофоти Риёз идора карда мешавад. Даромади зиёди нафт Риёзро ба шаҳри фавқулзамонавӣ ва сераҳолӣ табдил дод

Таърих

Риёз дар гузашта номи мавзеъи паҳновар ва сабзу хуррами маркази нимҷазираи Арабистон буда, баъдтар танҳо як қисми аҳолинишини он ба шаҳри Риёз табдил ёфт. Соли 1818 Риёз аз тарафи Империяи Усмонӣ торумор гашт. Соли 1823 асосгузори давлати Саудии Сонӣ — Туркӣ ибни Абдуллоҳ давлатро аз нав эҳё ва Риёзро ба сифати пойтахти нав интихоб намуд. Мухолифатҳои байни наберагони Туркӣ давлатро хароб карданд ва он соли 1891 ба дасти рақибашон Ар-Рашид гузашт. Соли 1902 Риёз ба дасти шоҳ Абдулазиз ибни Сауд расид ва ӯ ба бунёди Шоҳигарии Арабистони Саудии имрӯза пардохта, дар Риёз қароргоҳи худро бино кард. Пойтахти Арабистони Саудӣ аз соли 1932 ба таври замонавӣ бунёд мегардид ва тавсеъа меёфт.

Тасеъаи шаҳр

Шаҳр ба ноҳияҳои маъмурӣ, дипломатӣ, истеҳсолӣ, маркази тиҷоратӣ (бо муассисаҳои вақтхушӣ, тарабхонаҳо), қисми аҳолинишин ва таърихӣ тақсим мешавад; боғоту гулгаштҳои дилнишин, маҷмааҳои варзишӣ дорад (ноҳияҳои Даҳран, Даммам, Ҷидда ва ғ.).

Риёз маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳи оҳан, 4 аэропорти байналхалқӣ мавҷуд аст. Роҳи оҳани Риёзро бо шаҳрҳои Ҷидда ва Макка мепайвандад.

Меъморӣ

Аз сохтмонҳои анъанавӣ хеле кам намунаҳо боқӣ мондаанд: Мураббаъ — девори атрофи шаҳр, қасри Ал-Масмак ва ғ. Биною манораҳои мӯҳташами Риёз — Маркази шоҳ (99 табақа, баландиаш 300 м, масоҳ. асосаш 9423 м2), маркази тиҷорат, Бурҷи Файсалия, Бурҷи Ъануд (145 м) ва ғайра ҳайратоваранд. Соли 2009 сохтмони метрополитен оғоз гардид. Риёз осорхонаи миллӣ, академияи ҳарбӣ, Донишгоҳи шоҳ Сауд, донишкадаи олии техникӣ, пойгоҳи электрикӣ, манораи телевизионӣ (170 м), 4300 масҷид дорад.

Иқтисод

Риёз маркази молиявӣ ва соҳибкории Шарқи Наздик мебошад: бонкҳо ва ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин ҷо намояндагӣ ва марказҳои худро доранд. Коргоҳҳои бузурги саноати нефт, технологияҳои олӣ, ширкатҳои сохтмонии шӯҳрати ҷаҳонидошта низ фаъолият мекунанд. Матбуоти даврӣ ба се забон: англисӣ, арабӣ ва урду нашр мешавад.

Манзараи шаҳр

Намои ҷанубӣ аз Бурҷи Ъануд
Намои ҷанубӣ аз Бурҷи Ъануд

Адабиёт

Read next

In 169 languages

tgAcèhадыгабзэAfrikaansAlemannischአማርኛaragonésÆngliscالعربيةالدارجةمصرىঅসমীয়াasturianuаварअवधीazərbaycancaتۆرکجهбашҡортсаBasa BaliBikol Centralбеларуская (тарашкевіца)беларускаябългарскиবাংলাབོད་ཡིགbrezhonegbosanskiбуряадcatalà閩東語 / Mìng-dĕ̤ng-ngṳ̄нохчийнCebuanoکوردیčeštinaCymraegdanskDeutschZazakiKadazandusunडोटेलीΕλληνικάEnglishEsperantoespañoleestieuskaraفارسیsuomivõroføroysktfrançaisarpetanNordfriiskFryskGaeilgeGagauzGàidhliggalegoHausa客家語 / Hak-kâ-ngîHawaiʻiעבריתहिन्दीFiji HindihrvatskihornjoserbsceKreyòl ayisyenmagyarհայերենԱրեւմտահայերէնJaku IbanBahasa IndonesiaInterlingueIlokanoIdoíslenskaitaliano日本語JawaქართულიQaraqalpaqshaTaqbaylitKumoringқазақшаಕನ್ನಡ한국어کٲشُرkurdîкыргызчаLatinaLëtzebuergeschLigurelombardລາວlietuviųlatviešuमगहीBasa BanyumasanMalagasyолык марийMinangkabauмакедонскиമലയാളംмонголमराठीBahasa MelayuMaltiမြန်မာဘာသာمازِرونیनेपालीNederlandsnorsk nynorsknorskNovialNupeDiné bizaadoccitanlivvinkarjalaиронਪੰਜਾਬੀPapiamentupolskiPiemontèisپنجابیپښتوportuguêsRuna SimiromânăрусскийᱥᱟᱱᱛᱟᱲᱤsardusicilianuScotsسنڌيsrpskohrvatski / српскохрватскиSimple EnglishslovenčinaslovenščinachiShonashqipсрпски / srpskiSundasvenskaKiswahiliślůnskiதமிழ்ไทยTagalogtolışiTürkçeтатарча / tatarçachiTumbukaудмуртئۇيغۇرچە / Uyghurcheукраїнськаاردوoʻzbekcha / ўзбекчаvènetovepsän kel’Tiếng ViệtVolapükWinaray吴语მარგალურიייִדישYorùbá閩南語 / Bân-lâm-gí粵語中文

Text from Wikipedia, CC BY-SA 4.0 · Source article