factograf
TG

Озод-Кашмир

Озод-Кашмир

Key facts

шумораи аҳолӣ4 567 982
масоҳат13 297км²
як намуна азвоҳиди маъмурии сатҳи якум
кишварПокистон
пойтахтМузаффаробод
таърихи таъсис24 Октябр 1947
All data from the card 8
Кишвар
[[|]]
Маркази маъмурӣ
Музаффаробод
Роҳбар
Chaudhry Abdul Majeed[d]
Таърихи таъсис
24 октябри 1947
Масоҳат
13 297 ± 1 км²
Вақти минтақавӣ
UTC+05:00
Аҳолӣ
4 567 982 тан (2008)
Рамзи ISO 3166-2
PK-JK

Озод Ҷамму ва Кашмир (урду: آزاد جموں و کشمیر; мухтасар — Озод-Кашмир, яъне «Кашмири озод») — воҳиди маъмурие ки дар ҷануби минтақаи идоракунии Покистон, дар қисмати собиқ кишвари Кашмир воқеъ аст. Де-факто дар ҳайати Покистон мебошад, аммо расман Покистон онро ҳамчун минтақаи худидоракунии мустаъқил бо ҳукумати хеш эътироф намудааст. Бо иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон дар қисми шарқ ҳамсарҳад аст., инчунин бо иёлатҳои покистонии Хайбер-Пухтунхво дар ғарб, Гилгит-Балтистон дар шимол ва Панҷоб дар ҷануб ҳамсарҳад мебошад. Маркази маъмурӣ — шаҳри Музаффаробод. Масоҳат — 11 639 км² Аҳолӣ — 4,5 млн наф.

Таърих

Озодии Кашмир октябри соли 1947 ҳамчун намуди эътироз бар зидди ҳукмронии махароҷа Хари Сингх эълон шуда буд. Пас аз Ҷанги якуми ҳинду-покистонӣ сарҳади муосири байнидавлатӣ, бо ҳудудҳои ғарбии минтақаи ҷуғрофии Ҷамму ва Кашмир (ва ду шаҳри асосӣ — Сринагар ва Ҷамму — дар ҳудуди Ҳиндустон) ба миён омадаанд. Озод-Кашмир дар амал (де-факто) минтақаи Покистон аст. Гарчанде он аз иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон ҷудо нест, ва мавҷудияти иёлати Ҷамму ва Кашмир ҳамчун ҳолати муваққати муқаррар шудаааст, то замоне, ки пурра ба ҳайати Покистон нагузурад. Тақсимоти Ҷамму ва Кашмирро аз рӯи аломати мазҳабӣ, ки намояндаи СММ ҷаноби Оуэн Диксон дар сентябри соли 1950 пешниҳод намуда буд, аз ҷониби Ҳиндустон ва Покистон рад гардида шуд.

Read next

In 81 languages

Text from Wikipedia, CC BY-SA 4.0 · Source article