factograf
TG

Гунд

Гунд (форсӣ: گـُند‎) — ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип; бригада.

Вожашиносӣ

«Гунд» вожае паҳлавӣ: gund ба маънои ‘лашкар; гурӯҳ, даста’ ва аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст, ки эҳтимолан аз *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’ дар забони эронии бостон рӯидааст. Ин истилоҳ дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст:

Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон.

Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ»‎ [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад.

Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар замони ҳукумати Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنج‌هزاری‎) низ мегуфтанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade > итолиёвӣ: brigata — даста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Пешина

Гунд ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву бевара (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд, гунд ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд.

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме ҳазор размандаро дар бар мегирифт. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд.

Корбурд

Гунд дар нерӯҳои заминӣ ягонест, ки аз якчанд гурдон, оташбор, ҳанг ва ё нерӯҳои вижа ташкил мешавад. Гундҳо саворатирандоз, савора, ракетӣ, танкӣ, оташбор, муҳандисии размӣ, ҳавобурд, ҳавоӣ, туфангдорони дарёӣ ва ғайра мешаванд.

Read next

In 71 languages

Text from Wikipedia, CC BY-SA 4.0 · Source article